дилпурӣ — [دل پري] боварӣ, итминон, эътимод ба касе ё чизе; бо дилпурӣ дилпурона; дилпурӣ доштан боварӣ доштан, итминон доштан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бовар — [باور] рост ва мувофиқи ҳақиқат пиндошта пазируфтан ( и қавли касе), яқин ҳосил намудан, эътимод кардан (бо сухани касе); бовар кардан (намудан) а) рост пиндоштан (махсусан суханони касеро), яқин ҳосил намудан; б) ба сидқу дурусткории касе… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
боварӣ — [باوري] бовар доштан, бовар кардан; эътимод; эътиқод; боварии комил (тамом, том) бо итминони пурра; дилпурона; бо ҷуръат, бо қатъият (мас., гап задан); боварӣ доштан, дилпур будан, итминон доштан; боварии касе наомадан ба коре бовар накардан,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
восиқ — [واثق] а. кит. бовардошта, мутмаин, дилпур … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дилпуршаванда — [دل پرشونده] сифати феълии замони ҳозира аз дилпур шудан (ба касе); боваринок, эътимоднок: одами дилпуршаванда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
итминон — [اطمنان] а. боварӣ, дилпурӣ, эътимод; хотирҷамъӣ; итминон доштан боварӣ ҳосил кардан; хотирҷамъ будан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мустазҳар — [مستظهر] а. кит. он ки аз ӯ ёрӣ мехоҳанд; шахси дилпур, ки аз ӯ ёрӣ хоста шудааст … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пур — I [پر] 1. лаболаб анбошта, муқоб. холӣ, тиҳӣ; пур аз…, пури… лабрез: ҳавзчаи пур аз об; пур пур ниҳоят пур, саршор, лабрез 2. тамом, комил; моҳи пур моҳи шаби чордаҳ 3. бисёр, афзун, зиёд; муқоб. кам 4. маҷ. сер; серу пур бе камбудӣ, бо фаровонӣ; … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
роздор — [رازدار] рознигаҳдор, он ки сирри касеро медонад, шахси мӯътамад, одами дилпур … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
хотирҷамъ — [خاطرجمع] дилосуда, беташвиш; хотирҷамъ будан осудадил будан, ташвиш ва хавотирӣ надоштан; хотирҷамъ кардан касеро касеро дилосуда кардан, дилпур кардан; хотирҷамъ шудан аз коре, осуда шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ